Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 12:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 12:5
13 Iomraidhean Croise  

Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.


Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.


Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келини худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.


Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, гӯсфандон, ва говон, ва хаймаҳо дошт.


Вале замин ба онҳо гунҷоиш намедод, ки дар як ҷо сокин шаванд, зеро ки дороияшон бисьёр буд, ва наметавонистанд дар як ҷо сокин шаванд.


Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.


Ва подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Ашхосро ба ман бидеҳ, ва дороиро барои худ бигир».


Ва Яъқуб аз Беэр‐Шобаъ баромада, сӯи Ҳоррон равона шуд,


Ва Эсов занони худ, ва писарони худ, ва духтарони худ, ва тамоми аҳли байти худ, ва рамаҳои худ, ва тамоми чорвои худ, ва тамоми дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буд, гирифта, аз пеши бародари худ Яъқуб ба замини дигаре рафт,


Ва агар коҳин касеро ба пули худ харида бошад, вай зархариди ӯст, ва метавонад аз он бихӯрад; хоназодони ӯ низ метавонанд нони ӯро бихӯранд.


Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan