4 Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.
Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келини худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.
Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, гӯсфандон, ва говон, ва хаймаҳо дошт.
Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.
Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
Ва айёми солҳои умри Иброҳим, ки зиндагонӣ кард, саду ҳафтоду панҷ сол буд.
Ва Яъқуб аз Беэр‐Шобаъ баромада, сӯи Ҳоррон равона шуд,
Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид
Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.
Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид.