То ки ба мо бадӣ накунӣ, чунон ки ба ту осебе нарасондем, балки ба ту фақат некӣ кардем ва туро ба саломатӣ фиристодем, ва акнун ту мубораки Худованд ҳастӣ».
Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
Қавмҳо ба ту хизмат кунанд, ва қабилаҳо ба ту таъзим намоянд; бар бародарони худ ҳукмфармо шавӣ, ва фарзандони модарат ба ту таъзим намоянд; ҳар кӣ туро лаънат хонад — малъун бод; ҳар кӣ туро муборак хонад — муборак бод!»
Ва насли ту мисли ғубори замин хоҳад буд; ва ба мағриб, ва машриқ, ва шимол, ва ҷануб паҳн хоҳӣ шуд; ва дар ту ва дар насли ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост.
Ва аз ҳамон вақте ки ӯро ба хонаи худ ва ба тамоми дороии худ баргумошт, Худованд хонаи он мисриро барои хотири Юсуф баракат дод, ва баракати Худованд бар ҳамаи дороии вай чи дар хона, чи дар саҳро буд.
Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.