Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, бо ҷо хоҳам овард.
Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
Қавмҳо ба ту хизмат кунанд, ва қабилаҳо ба ту таъзим намоянд; бар бародарони худ ҳукмфармо шавӣ, ва фарзандони модарат ба ту таъзим намоянд; ҳар кӣ туро лаънат хонад — малъун бод; ҳар кӣ туро муборак хонад — муборак бод!»
Ва насли ту мисли ғубори замин хоҳад буд; ва ба мағриб, ва машриқ, ва шимол, ва ҷануб паҳн хоҳӣ шуд; ва дар ту ва дар насли ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост.
Ва ба ҳар ҷое ки мерафтӣ, бо ту будам, ва ҳамаи душманонатро аз пеши ту маҳв намудам, ва барои ту номи бузурге, мисли номи бузургоне ки дар дуньё ҳастанд, ба вуҷуд овардам.
Ва бандагони подшоҳ низ барои табрик кардани оғои мо подшоҳ Довуд омада, гуфтанд: „Бигзор Худо номи Сулаймонро аз номи ту хубтар созад, ва тахти ӯро аз тахти ту бузургтар гардонад“. Ва подшоҳ бар бистари худ саҷда бурдааст;
Ва ту ба ҳузури Худованд Худои худ нидокунон бигӯ: „Падарам арамии оворагарде буд, ва ба Миср фурӯд омад, ва дар он ҷо бо одамони каме сукунат кард, ва дар он ҷо ба халқи бузурги пурзӯр ва сершуморе табдил ёфт;