Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 12:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 12:1
20 Iomraidhean Croise  

Ва ба ӯ гуфт: «Манам Худованд, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ки ин заминро ба ирсият ба ту бидиҳам».


Ва инак, ҳангоме ки Худо маро аз хонаи падарам ба роҳи мусофират андохт, ба вай гуфтам: эҳсоне ки ба ман бояд бикунӣ, ин аст, ки ҳар ҷо биравем, дар ҳаққи ман бигӯӣ: „Ӯ бародари ман аст“».


Балки ба хонаи падари ман ва назди хешу табори ман биравӣ, ва зане барои писарам бигирӣ“.


Балки ба замини ман, ба зодгоҳи ман биравӣ, ва зане барои писарам Исҳоқ бигирӣ».


Худованд Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини зодгоҳам берун овард, ва ба ман сухан ронд, ва ба ман қасам ёд карда, гуфт, ки: „Ин заминро ба насли ту хоҳам дод“ — Ӯ фариштаи Худро пешопеши ту хоҳад фиристод, то ки зане барои писарам аз он ҷо бигирӣ.


Ва Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине ки ба ту бигӯям, маскан гир.


Ту Он Худованд Худо ҳастӣ, ки Абромро баргузидӣ, ва ӯро аз Ур‐Касдим берун овардӣ, ва ба ӯ исми Иброҳимро додӣ.


Оё худоёни халқҳое ки падарони ман несту нобуд кардаанд, онҳоро, яъне: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Расаф ва банӣ‐Аданро, ки дар Талассор буданд, раҳоӣ доданд?


Ки туро аз ақсои замин гирифтаам, ва туро аз канорҳои он даъват намудаам, ва ба ту гуфтаам: «Ту бандаи Ман ҳастӣ, Ман туро баргузидаам», ва туро тарк накардаам,


Ба падаратон Иброҳим, ва ба Соро, ки шуморо зоидааст, назар андозед; зеро вақте ки Ман ӯро даъват намудам, ӯ як нафар буд, ва ӯро баракат додам, ва ӯро афзун гардонидам.


«Эй писари одам! Сокинони ин вайронаҳои замини Исроил сухан ронда, мегӯянд: „Иброҳим як нафар буд ва ин заминро мерос гирифт; ва мо бисьёр ҳастем, ба мо ин замин мерос дода шудааст“.


Вале вай ба ӯ гуфт: «Намеоям, балки ба замини худ ва ба зодгоҳи худ хоҳам рафт».


Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;


Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.


Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan