Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 11:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 11:5
10 Iomraidhean Croise  

Фурӯд омадам, то бубинам, ки оё онҳо комилан мувофиқи фиғоне ки ба Ман мерасад, рафтор кардаанд, ё не; хоҳам донист».


Худованд ҳамаи лабони пуртамаллуқро нест хоҳад кард, ва ҳар забонеро, ки ҳавобаландона сухан меронад,


Ва ба рӯзи сеюм тайёр бошанд, зеро ки дар рӯзи сеюм Худованд, пеши назари тамоми қавм, бар кӯҳи Сино фурӯд хоҳад омад.


Ва тамоми қӯҳи Синоро дуд фаро гирифта буд, чунки Худованд дар оташ бар он фурӯд омад, ва дуди он мисли дуди хумдон мебаромад; ва тамоми кӯҳ бағоят меларзид.


Ва Худованд бар кӯҳи Сино, бар қуллаи кӯҳ фурӯд омад, ва Худованд Мусоро ба қуллаи кӯҳ даъват намуд, ва Мусо баромад.


Ва фурӯд омадам, то ки онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он замин ба замини некӯ ва фарох барорам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, яъне ба макони канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён.


Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;


Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan