Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».
Ва қавмеро, ки дар он буданд, берун овард, ва онҳоро зери арраҳо ва ғаллакӯбакҳои оҳанин ва табарҳои оҳанин гузошт, ва онҳоро ба корҳои хумдони хиштпазӣ баргумошт; ва бо ҳамаи шаҳрҳои банӣ‐Аммӯн чунин амал кард; ва Довуд ва тамоми қавм ба Ерусалим баргаштанд.
Ва зиндагонии онҳоро бо меҳнати сахти гилкорӣ ва хиштрезӣ ва бо ҳар кори саҳро талх мегардониданд; ҳар навъ кори худро ба гардани онҳо бо зулму зӯрӣ бор мекарданд.
Вале натавонист дигар ӯро пинҳон дорад, сабаде аз қамиш барои ӯ гирифт, ва онро бо қир ва зифт андовид, ва бачаро дар он монд, ва онро дар қамишзори лаби наҳр гузошт.