1 Дар тамоми замин як забон ва як лаҳҷа буд.
Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.
Ҷун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шинъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.
Ва Худованд гуфт: «Инак, қавм як аст, ва ҳамаи онҳоро забон як аст; ва ин корро шурӯъ кардаанд, ва акнун ҳар коре ки карданӣ шудаанд, барояшон дастнорас нахоҳад буд.
Дар он рӯз панҷ шаҳр дар замини Миср ба забони Канъон сухан ронда, ба Худованди лашкарҳо қасам хоҳанд хӯрд; яке Ир‐Ҳаҳерес номида хоҳад шуд.
Зеро ки он вақт ба қавмон забони поке хоҳам бахшид, то ки ҳамаашон исми Худовандро бихонанд, ва Ӯро якдилона ибодат намоянд.
Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони ҳудаш сухани онҳоро мешунид.