Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 10:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 10:9
13 Iomraidhean Croise  

Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.


Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.


Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.


Ва бачаҳо калон шуданд, ва Эсов сайёди моҳир ва марди саҳроӣ шуд, вале Яъқуб — марди ҳалими хайманишин.


Ва чун Исҳоқ баракат додани Яъқубро ба итмом расонд, ва чун Яъқуб аз пеши падари худ Исҳоқ берун рафт, бародараш Эсов аз шикори худ омад.


Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.


Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.


Ва бо вуҷуди тангии аҳволи худ, ӯ, подшоҳ Оҳоз, ба Худованд хиёнат кардан гирифт.


Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд! Вақте ки Худо асирони қавми Худро баргардонад, Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.


Ва элчиёнашро бо роҳи баҳр, ва дар киштиҳои бардӣ бар рӯи об мефиристад! Эй қосидони тезрав, биравед назди халқи қоматбаланд ва ранги пӯсташон мисгун, назди қавме ки барои муҳити атрофи наздик ва дур саҳмгин ҳастанд, яъне халқи пурқувват ва шикастоваре ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад.


Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.


Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли онҳое ки бозубандҳои ҷоду барои ҳар бозуе медӯзанд, ва чодирҳо барои сари ҳар қомате месозанд, то ки ҷонҳоро сайд кунанд! Оё шумо ҷонҳои қавми Маро сайд мекунед, то ки ҷонҳои худро зинда нигоҳ доред?


Порсо аз замин талаф шудааст, ва росткоре дар миёни одамон нест; ҳама барои хунрезӣ камин мегиранд, якдигарро ба дом медароранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan