7 Писарони Куш: Сабо, Ҳавило, Сабто, Раъмо ва Сабтако. Писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.
Номи яке Фишӯн аст, ки тамоми замини Ҳавилоро, ки дар он ҷо тиллост, иҳота мекунад;
Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро оид ба исми Худованд шунида, омад, то ки ӯро бо муаммоҳо имтиҳон кунад.
Ва писарони Куш: Сабо ва Ҳавило ва Сабто ва Раъмо ва Сабтако; ва писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
Ва мардуми Сабо ҳуҷум карда, онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Бинобар ин қавми Ӯ ба ҳамон тараф рӯ меоварад, ва оби фаровон ба вай нӯшонида мешавад.
Ваҳй дар бораи банӣ‐араб. Эй қофилаҳои дадониён! Дар сангзори Арабистон манзил кунед.
Зеро ки Ман Худованд Худои ту, Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам; Мисрро барои ту фидия додаам, Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
Банӣ‐Дадон тоҷирони ту буданд; аз ҷазираҳои бисьёр молҳо ба дасти ту медаромад; дандонҳои ашкии фил ва обнус ба ту инъом мекарданд.
Дадон бо ту бо зинпӯшҳои зебо барои маркабҳо тиҷорат менамуд.
Тоҷирони Шабо ва Раъмо бо ту тиҷорат доштанд; ҳар атриёти беҳтарин ва ҳар навъ сангҳои гаронбаҳо ва тилло дар ивази молҳоят медоданд.