6 Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.
Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.
Ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст, ки тамоми замини Кушро иҳота мекунад.
Ва Нӯҳ панҷсадсола буд, ва Нӯҳ Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
Писарони Нӯҳ, ки аз киштӣ берун омаданд, Сом, Ҳом ва Ёфат буданд. Ва Ҳом падари Канъон аст.
Ва Ҳом, падари Канъон, аврати падари худро дид, ва берун баромада, ба ду бародараш нақл кард.
Ва чарогоҳи сералафи хубе ёфтанд, ва он замин фарох ва ором ва осоишта буд, ки дар он ҷо пештар ҳомиён сукунат доштанд.
Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад, агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод, то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад.
Ва зурьёташонро дар миёни халқҳо афтонад, ва онҳоро дар заминҳо пароканда кунад.
Ва қурбониҳои шукрона забҳ кунанд, ва аъмоли Ӯро бо тараннум васф намоянд!
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.
Ҷастухез намоед, эй аспон! Ва тунд бидавед, эй аробаҳо! Ва берун биравед, эй баҳодурон, эй Ҳабаш ва Фут, ки сипардоронед, ва эй лудиён, ки камондоронед!
Форс ва Луд ва Фут дар қӯшуни ту ҷанговарони ту буда, сипар ва хӯд бар ту меовехтанд; онҳо туро шавкат мебахшиданд.
Форс, Хабаш ва Фут бо онҳо буда, ҳамаашон сипар ва хӯд дошта бошанд;