Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 10:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 10:5
26 Iomraidhean Croise  

Инҳоянд писарони Ҳом, мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо, дар халқҳои онҳо.


Ва ба Эбар ду писар таваллуд шуд: яке Фолаҷ ном дошт, зеро ки дар айёми ӯ замин тақсим шудааст; ва номи бародараш — Ёқтон.


Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.


Писарони Ёвон: Алишо, Таршиш, Киттим ва Дӯдоним.


Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.


Ин се нафар писарони Нӯҳ буданд, ва аз онҳо тамоми замин маскун гашт.


Ва подшоҳ Аҳашверӯш бар замин ва ҷазираҳои баҳр боҷу хироҷ андохт.


Бинобар ин қавми Ӯ ба ҳамон тараф рӯ меоварад, ва оби фаровон ба вай нӯшонида мешавад.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.


Бинобар ин Худовандро дар шарк, ва исми Худованд Худои Исроилро дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.


Халқҳо, охир, мисли қатрае аз сатил ва мисли гарде бар тарозу ҳисоб меёбанд. Ҷазираҳоро, охир, Ӯ мисли ғуборе мебардорад.


Ҷазираҳо дидаанд ва ҳаросон шудаанд, ақсои замин ба ларза афтодаанд, онҳо наздик омада, муттаҳид гардидаанд.


Дар шаъни Худованд суруди наве бисароед, ва ҳамду санои Ӯро аз ақсои замин бихонед, эй баҳрпаймоён ва ҳар он чи дар баҳр аст, эй ҷазираҳо ва сокинони онҳо!


Лакот нахоҳад шуд, ва бемаҷол нахоҳад гардид, то даме ки инсофро бар замин барқарор намояд; ва ҷазираҳо дар интизори таълимоти Ӯ хоҳанд буд.


Маро бишнавед, эй ҷазираҳо, ва гӯш андозед, эй қабилаҳои дурдаст! Худованд Маро аз батн даъват намудааст, аз амъои модарам исми Маро зикр кардааст.


Адолати Ман наздик аст, наҷоти Ман зоҳир шудааст, бозуҳои Ман қавмонро доварӣ хоҳад намуд; ҷазираҳо ба Ман умедвор шуда, ба бозуи Ман таваккал хоҳанд кард.


Бар тибқи аъмоли онҳо; бар тибқи он Ӯ подош хоҳад дод: ғазабро ба адуёни Худ, подошро ба душманони Худ, сазоро ба ҷазираҳо хоҳад дод.


Ба яқин, ҷазираҳо, ва пешопешашон киштиҳои Таршиш назди Ман ҷамъ хоҳанд шуд, то ки писарони туро аз дурдаст, ва нуқраю тиллои онҳоро бо онҳо биёранд, ба хотири исми Худованд Худои ту, ва ба хотири Қуддуси Исроил, зеро ки Ӯ туро ҷалол додааст.


Пас, бар ҷазираҳои Киттим гузар кунед ва бубинед, ва ба Қедор бифиристед ва дурустакак назар андозед, ва бубинед, ки оё чизе монанди ин воқеъ шудааст?


Ва ба ҳамаи подшохони Сӯр, ва ба ҳамаи подшоҳони Сидӯн, ва ба ҳамаи подшоҳони ҷазираҳое ки дар он тарафи баҳр воқеанд;


Худованд Худо ба Сӯр чунин мегӯяд: охир, аз садои фурӯ ғалтидани ту, вақте ки андаруни ту маҷрӯҳон оҳу нола кунанд, ва куштори азиме ба амал ояд, ҷазираҳо ба ларза хоҳад омад.


Акнун, дар рӯзи фурӯ ғалтидани ту, ҷазираҳо ба ларза хоҳад омад, ва ҷазираҳое ки дар баҳр мебошад, аз риҳлати ту ба даҳшат хоҳад афтод“.


Ва рӯи худро вай сӯи ҷазираҳо хоҳад нигаронид, ва бисьёреро аз онҳо забт хоҳад намуд, вале сарваре ба забти вай хотима дода, варо нангин хоҳад кард, бе он ки вай қасоси нанги худро тавонад аз ӯ бигирад.


Худованд бар онҳо саҳмгин хоҳад буд, зеро ки Ӯ ҳамаи худоёни заминро маҳв хоҳад кард, ва ҳамаи халқҳои сокини ҷазираҳо, ҳар яке аз макони худ, ба Ӯ саҷда хоҳанд кард.


Ҳангоме ки Ҳаққи Таоло ба халқҳо амлок дод, ҳангоме ки Ӯ банӣ‐Одамро пароканда кард, Ӯ ҳудуди қавмҳоро мувофиқи шумораи банӣ‐Исроил муқаррар намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan