Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 10:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Писарони Ёфат: Ҷӯмар, Моҷӯҷ, Модай, Ёвон, Тубол, Машак ва Тирос.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 10:2
16 Iomraidhean Croise  

Ин аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон таваллуд шуданд.


Ба Сом низ, ки падари ҳамаи писарони Эбар ва бародари калонии Ёфат буд, писарон таваллуд шуданд.


Худо Ёфатро вусъат диҳад; ва дар хаймаҳои Сом маскан гирад; ва Канъон бандаи онҳо бошад».


Подшоҳи Ашшур дар соли нӯҳуми Ҳӯшаъ Сомарияро забт намуд, ва исроилиёнро ба Ашшур ба асирӣ бурд, ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва дар атрофи Ҳобӯр, ки наҳри Ҷӯзон аст, ва дар шаҳрҳои Модай ҷойгир кард.


Худованд нигаҳбони туст; Худованд соябони туст ба ямини ту.


Ва Ман дар миёни онҳо аломате ба амал хоҳам овард, ва онҳоеро, ки аз байнашон растагор шуда бошанд, сӯи халқҳо: ба Таршиш, ба Фул ва Луд, ки камонгир ҳастанд, ба Тубол ва Юнон, ба ҷизираҳои дурдаст, ки овозаи Маро нашнидаанд ва ҷалоли Маро надидаанд, хоҳам фиристод, ва онҳо ҷалоли Маро дар миёни халқҳо хабар хоҳанд дод.


Ва Дон ва Ёвон дар ивази молҳоят калоба медоданд; оҳани сайқалдор, пӯсти дарахти хушбӯй ва наи атрогин дар миёни молҳоят буд.


Катони гулдӯзии Миср бодбони ту буд, то ки ливое барои ту бошад. Матои лоҷвард ва арғувон аз ҷазираҳои Алишо чодири ту буд.


Дар он ҷо Мошак ва Тубол ва тамоми анбӯҳашон мебошанд, ки қабрҳошон гирдогирди онҳост; ҳамаашон номахтуноне ҳастанд, ки ба дами шамшер кушта шудаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд.


Ва аз макони худ, аз ақсои шимол хоҳӣ омад, — ту ва қавмҳои бисьёр ҳамроҳи ту, ки ҳамаашон аспсавор, ҷамоати бузург ва лашкари сершумор мебошанд.


«Эй писари одам! Рӯи худро ба самти Ҷуҷ, ки дар замини Моҷуҷ сарраиси Мошак ва Тубол аст, бигардон, ва дар бораи ӯ нубувват намо.


Ҷумар бо ҳамаи фавҷҳояш, хонадони Туҷарма, ақсои шимол бо ҳамаи фавҷҳояш, — қавмҳои бисьёр ҳамроҳи ту бошанд.


Ва ту, эй писари одам, дар бораи Ҷуҷ нубувват намо ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй сарраиси Мошак ва Тубол, зид ҳастам.


Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan