Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 10:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 10:10
16 Iomraidhean Croise  

Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».


Ҷун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шинъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.


Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.


Ва воқеъ шуд дар айёми Амрофал подшоҳи Шинъор, Арйӯк подшоҳи Алосор, Кадорлоӯмар подшоҳи Элом ва Тидъол подшоҳи Ҷӯим,


Калну, охир, мисли Каркамиш таслим шудааст! Оё Ҳамот мисли Арфод нест? Оё Сомария мисли Димишқ нест?


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.


Дар он замон Мерӯдак Балъадон ибни Балъадон, подшоҳи Бобил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки вай бемор будааст ва сиҳат ёфтааст.


«Лутфан, барои мо аз Худованд бипурс, зеро ки Набукаднесар подшоҳи Бобил бар зидди мо ҷанг мекунад; шояд, Худованд барои мо чизе монанди тамоми мӯъҷизоти Ӯ ба амал оварад, то ки вай аз мо қафо гардад».


Каломе ки Худованд дар бораи Бобил, дар бораи замини калдониён ба воситаи Ирмиёи набӣ гуфт:


Бар замини Меротаим ва бар сокинони Пекӯд ҳуҷум овар, онҳоро қатл намо ва ҳар чиро, ки пас аз онҳо боқӣ монад, несту нобуд соз, — мегӯяд Худованд, — ва он чи ба ту амр фармудаам, ба амал овар.


Ҳорон ва Канна ва Адан, ва тоҷирони Шабо, ва Ашшур ва Килмод бо ту додугирифт доштанд.


Ва Худованд Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудоро бо як қисми зарфҳои хонаи Худо ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор, ба хонаи худои худ овард, ва зарфҳоро дар ганҷхонаи худои худ гузошт.


Ба Кална убур намоед ва бубинед, ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед, ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед: оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд? Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?


Аз дард мисли зане ки мезояд, азият каш ва печутоб хӯр, эй духтари Сион, зеро ки алҳол аз шаҳр берун рафта, дар саҳро сокин хоҳӣ шуд, ва ба Бобил омада, дар он ҷо раҳоӣ хоҳӣ ёфт: дар он ҷо Худованд туро аз дасти душманонат халосӣ хоҳад дод.


Ва онҳо замини Ашшурро бо шамшер хоҳанд чаронид, ва замини Нимрӯдро — андаруни дарвозаҳои он; ва Ӯ аз Ашшур раҳоӣ хоҳад дод, вақте ки вай ба замини мо омада, ҳудуди моро поймол кунад.


Ва ӯ ба ман гуфт: «То ки барои вай дар замини Шинъор хонае бино кунанд, ва ҳамин ки он тайёр шавад, вай дар он ҷо бар пояи худ гузошта хоҳад шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan