Танҳо Ту Худованд ҳастӣ, Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ, ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ, ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд.
Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд. — Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед? Ман, охир, регро ҳудуди баҳр, қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам, ки аз он намегузарад; ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад, ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
Ва ба Ӯ, — ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,