Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 1:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 1:6
23 Iomraidhean Croise  

Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;


Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».


Аз рӯҳи Ӯ осмон шукӯҳ ёфтааст; дасти Ӯ аждари болдорро нобуд кардааст.


Ӯ нами зиёде бар абрҳо бор мекунад, ва саҳобҳои нури Худро мегустаронад.


Оё ту метавонӣ ба монанди Ӯ фалакро бигустаронӣ, ки он мисли оинаи фулуззӣ мустаҳкам аст?


Дар шаъни Ӯ суруд хонед, Ӯро бисароед; аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ сухан ронед.


Ӯро мадҳ кунед, эй фалакулафлок, ва эй обҳои фавқи осмонҳо.


Ҳалелуёҳ. Худовандро дар қудси Ӯ мадҳ кунед; Ӯро дар фалаки қуввати Ӯ мадҳ кунед.


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.


Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд, исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад;


Сӯи Ӯ нигоҳ карданд ва мунаввар гардиданд, ва чеҳраҳошон хиҷил нашуд.


Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!


Агар абрҳо аз борон пур шавад, онро бар замин меборонад; ва агар дарахте ба тарафи ҷануб ва ё ба тарафи шимол афтад, дар ҳамон ҷо, ки дарахт афтода бошад, хоҳад монд.


Ӯ Ҳамон аст, ки бар доираи замин нишастааст, ва сокинони он мисли малах мебошанд; Ӯ афлокро мисли чодире густурдааст, ва онро мисли хаймае барои сукунат барафроштааст.


Вале Худованд Худои ростист; Ӯ Худои Ҳай ва Подшоҳи ҷовидонист; аз ғазаби Ӯ замин ба ларза меояд, ва халқҳо ба каҳри Ӯ наметавонанд тоб оваранд.


Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид, дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд, ва осмонро бо хиради Худ густаронид.


Ваҳйи каломи Худованд дар бораи Исроил. Худованд, ки осмонро густурдааст, ва буньёди заминро ниҳодааст, ва рӯҳи одамизодро андаруни вай ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд:


Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan