5 Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.
Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.
Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.
Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.
Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.
Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.
Минбаъд дар тамоми айёми замин кишт ва дарав, сармо ва гармо, тобистон ва зимистон, рӯз ва шаб хотима нахоҳад ёфт».
Подшоҳ кас фиристод ва бандҳои ӯро кушод; ва ҳукмфармои қавмҳо ӯро озод кард.
Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд, исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад;
Эй қавмҳо, Худои моро муборак хонед, ва овози ҳамду санои Ӯро бишнавонед,
Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам, сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам; Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.
«Худованд чунин мегӯяд: агар шумо тавонед аҳди Маро, ки бо рӯз бастаам, ва аҳди Маро, ки бо шаб бастаам, ботил намоед, ба тавре ки рӯз ва шаб дар вақти худ фаро нарасад,
Ва чун тамоми ҷамоат диданд, ки Ҳорун мурдааст, тамоми хонадони Исроил сӣ рӯз мотам гирифтанд.
Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.
Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рӯшноӣ зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст;
Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.