Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд, ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод, балки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ, ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд.
Ки танҳо Ӯ Ҳайи лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.
Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.