23 Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.
Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».
Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.
Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.
Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.
Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.
Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».