Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 1:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 1:22
16 Iomraidhean Croise  

Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.


Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.


Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».


Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Кошки дар назари ту илтифот меёфтам! Ба фол гирифтаам, ки ба хотири ту Худованд маро баракат додааст».


Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд шуд; ва ба хотири ман Худованд туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»


Ва Худо ба ӯ гуфт: «Ман Худои Қодир ҳастам; борвар ва афзун шав; халқ ва гурӯҳи халқҳо аз ту ба вуҷуд оянд, ва подшоҳон аз камари ту бароянд.


Ва ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки назди худ дорӣ, ҳар махлуқеро аз паррандагон, ва чорпоён, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, бо худ берун овар, то ки бар замин паҳн шуда раванд, ва борвар ва афзун шаванд».


Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода, ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.


Кӯҳҳо барои вай ғизо меоварад, ва тамоми ҳайвоноти саҳро дар он ҷо бозӣ мекунанд.


Ва Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод, ва ӯро чордаҳ ҳазор бузу гӯсфанд ва шаш ҳазор шутур ва ҳазор ҷуфт гов ва ҳазор модахар буд.


Бар тахтапуштам шудгоркунандагон шудгор карданд; ҷӯякҳои худро дароз карданд.


Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.


Ва Ман ба шумо назари нек хоҳам кард, ва шуморо борвар хоҳам гардонид, ва шуморо афзун хоҳам сохт, ва аҳди Худро бо шумо мустаҳкам хоҳам намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan