Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз, ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 1:16
22 Iomraidhean Croise  

Ва найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва чунин шуд.


Агар бар офтоб назар андохта бошам, вақте ки тулӯъ менамуд, ва бар моҳ, вақте ки бо камоли дурахшонӣ гардиш мекард,


Дар суратеки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд, ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?


Ӯро мадҳ кунед, эй офтоб ва моҳ; Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи ситорагони нур.


Исми Худовандро мадҳ мекунанд, зеро ки Ӯ амр фармудааст, ва онҳо офарида шудаанд.


Ба наҷоти ту тараннум менамоем, ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем. Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад.


Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон, бар хилофи хасмҳои Худ, ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ, то ки душман ва интиқомҷӯйро хомӯш гардонӣ.


Зеро ки ситорагони осмон ва сайёраҳои он аз худ рӯшноӣ нахоҳанд дод; офтоб дар вақти тулӯи худ хира хоҳад шуд, ва моҳ бо рӯшноии худ нахоҳад дурахшид.


Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд, зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд, ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.


Чашмони худро сӯи афроз баланд карда, бубинед: кист, ки инҳоро офаридааст? Ӯ лашкари онҳоро ба шумор берун меоварад, ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад; аз бузургии қувват ва тавоноии кудрати Ӯ ҳеҷ яке аз онҳо ниҳон нахоҳад шуд.


Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам, сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам; Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.


Чунин мегӯяд Худованде ки офтобро барои рӯшноии рӯз, ва қонунҳои моҳ ва ситорагонро барои рӯшноии шаб додааст, ва баҳрро тавре ба шӯр меоварад, ки мавҷҳояш хурӯш бардорад; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.


Офтоб ва моҳ аз нури тирҳои паррони Ту, аз дурахши найзаҳои барроқи Ту дар масканҳои худ истоданд.


Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд;


Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.


Ҷалоли офтоб — дигар, ҷалоли моҳ — дигар, ҷалоли ситораҳо — дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад.


Ва мабодо чашмонатро сӯи осмон баланд кунӣ, ва офтоб ва моҳ ва ситорагонро, яъне тамоми лашкари осмонро дида, фирефта шавӣ ва ба онҳо саҷда бурда, онҳоро ибодат намоӣ, ва ҳол он ки онҳоро Худованд Худои ту насибаи ҳамаи қавмҳое ки зери тамоми осмонанд, гардонидааст, —


Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan