4 Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам,
4 Туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, доимо Худоямро шукр мегӯям,
Пеш аз ҳама ба Худои ҳуд ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст;
Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам,
Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям,
Худо, Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукргузорӣ мекунем дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегӯем,
Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем,
Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,
Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам.
Чун дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Исои Худованд дорӣ, мешунавам, —