Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Филемӯн* 1:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Дар баробари ин барои ман хонае низ муҳайё бикун, зеро умедворам, ки ба ҳасби дуоҳоятон ба шумо ато хоҳам шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

22 Боз хоҳише дорам, ки бароям ҳуҷрае тайёр кунӣ, чун умедворам, ки бо дуоҳои шумо ба наздатон бармегардам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Филемӯн* 1:22
13 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: „Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст“.


Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисьёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.


Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.


Бо мадади дуое ки шумо низ барои мо мегӯед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шуқргузор бошанд.


Зеро медонам, ки ин боиси наҷоти ман хоҳад шуд, мувофиқи дуои шумо ва бо мадади Рӯҳи Исои Масеҳ,


Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.


Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки ман зудтар назди шумо баргардонида шавам.


Бидонед, ки бародари мо Тимотиюс озод шуд; ва агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо хоҳам омад.


Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.


Чизи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад.


Балки умедворам, ки ба қарибӣ туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan