2 Ва ба Апияи маҳбуба, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба калисое ки дар хонаи туст:
2 ва ҷамоати хонагиат, ба хоҳар Апфия ва ҳамсафи мо Архипус
Хоҳари мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфӣ менамоям,
Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.
Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.
Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед.
Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ӯст, салом бирасонед.
Ба Архипус бигӯед: «Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ».