Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Филемӯн* 1:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Аммо бе розигии ту ин корро кардан нахостам, то ки некиат на аз рӯйи маҷбурӣ, балки бо хости худат бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Филемӯн* 1:14
10 Iomraidhean Croise  

Ва ман, эй Худои ман, медонам, ки Ту дилҳоро имтиҳон мекунӣ, ва ба росткорӣ таваҷҷӯҳ менамоӣ; ман аз ростии дили худ тамоми ин ионатро додаам, ва алҳол мебинам, ки қавми Ту низ, ки дар ин ҷо мебошанд, бо шодмонӣ барои Ту ионат медиҳанд.


Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.


Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.


Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи худаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намеҳӯрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад?


На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.


Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.


Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.


Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan