Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 9:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Зеро ки Мордахай дар хонаи подшоҳ бузург буд, ва шӯҳраташ дар тамоми вилоятҳо паҳн мешуд, чунки таъсири ин шахс, яъне Мордахай, торафт меафзуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 9:4
14 Iomraidhean Croise  

Ва дар миёни хонадони Шоул ва хонадони Довуд ҷанг айёми зиёде давом кард; ва Довуд торафт қудрат меёфт, вале хонадони Шоул торафт суст мешуданд.


Ва Довуд торафт бештар комьёб ва бузург мегардид, ва Худованди лашкарҳо бо ӯ буд.


Ва номи Довуд дар ҳамаи кишварҳо шӯҳрат ёфт, ва Худованд тарси ӯро бар ҳамаи халқҳо паҳн кард.


Ва тамоми фаъолияти салтанат ва иқтидори ӯ ва тасвири шавкати Мордахай, ки ӯро подшоҳ ба бузургӣ расонида буд, оё дар китоби вақоеи айёми подшоҳони Модай ва Форс навишта нашудааст?


Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.


Ва Худованд қавмро дар назари мисриён мӯътабар гардонид; Мусо низ дар замини Миср, дар назари навкарони фиръавн ва дар назари қавм шахси бағоят бузург буд.


Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.


Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд; рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.


Инак, Ман дар он замон ҳамаи онҳоеро, ки бар ту ситам мекарданд, ба танг хоҳам овард, ва лангонро наҷот хоҳам дод, ва рондашудагонро фароҳам хоҳам овард, ва онҳоро дар ҳар кишваре ки гирифтори нанг буданд, соҳиби иззат ва шӯҳрат хоҳам гардонид.


Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба дарду касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девонагон, ҳам масрӯон ва ҳам мафлуҷонро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид.


Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan