Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 9:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ҳамаи мирони вилоятҳо, ва волиён, ва ҳокимон, ва амалдорони подшоҳ яҳудиёнро дастгирӣ мекарданд, чунки тарси Мордахай онҳоро фаро гирифта буд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 9:3
9 Iomraidhean Croise  

Онҳое ки бо Зарубобил, Ешуа, Наҳемьё, Сароё, Раэлоё, Мордахай, Билшон, Миспор, Биҷвай, Раҳум ва Баано омаданд. Шумораи одамони қавми Исроил:


Ва фармонҳои подшоҳро ба ҳокимони подшоҳ ва ба волиёни Мовароуннаҳр доданд, ва инҳо қавм ва хонаи Худоро ёварӣ карданд.


Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.


Ва дар ҳар вилоят ва шаҳр, дар ҳар ҷое ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расид, барои яҳудиён хурсандӣ ва шодмонӣ, базм ва ид буд, ва бисьёре аз қавмҳои ин сарзамин яҳудӣ шуданд, зеро ки тарси яҳудиён онҳоро фаро гирифта буд.


Ва гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, ва агар ман ба ҳузури ӯ илтифот пайдо карда бошам, ва ин чиз дар ҳузури подшоҳ муносиб ҳисоб ёбад, ва ман дар назари ӯ некӯ бошам, бигзор навишта шавад, ки мактубҳои дасисакоронаи Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки ӯ дар бораи талаф намудани яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ мебошанд, навишта буд, ботил карда мешавад.


Ва он гоҳ, дар моҳи сеюм, ки моҳи сивон бошад, дар рӯзи бисту сеюми он, котибони подшоҳ даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Мордахай амр фармуд, ба яҳудиён, ва ба волиён ва ҳокимон ва мирони вилоятҳо, ки аз Ҳинд то Ҳабаш саду бисту ҳафт вилоят буданд, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он, ва ба яҳудиён бо хати онҳо ва бо забони онҳо навишта шуд.


Ва подшоҳ Набукаднесар фиристод, ки ҳокимон, сардорон ва волиён, мушовирон, хазинадорон, доварон, муваккалони бошишгоҳҳо ва ҳамаи ҳукуматдорони вилоятҳоро ҷамъ кунанд, то онҳо ба расми кушоди ҳайкале ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, биёянд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan