23 Ва яҳудиён он чиро, ки худашон ба иҷро карданаш шурӯъ намуда буданд, ва он чиро, ки Мордахай ба онҳо навишта буд, қабул карданд,
Ҳамчун рӯзҳое ки дар онҳо яҳудиён аз душманони худ оромӣ ёфтанд, ва ҳамчун моҳе ки барояшон андӯҳ ба шодмонӣ, ва мотам ба ид мубаддал шуд, — ин рӯзҳоро рӯзҳои базм ва шодмонӣ гардонида, ҳадияҳо ба ҳамдигар ва бахшишҳо ба бенавоён бифиристанд.
Зеро ки Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, бадхоҳи ҳамаи яҳудиён, ба фикри талаф намудани яҳудиён афтода, барои нобуд ва талаф намудани онҳо пур — яъне қуръа — партофта буд,