Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 9:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Валекин яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи сездаҳуми он ва дар рӯзи чордаҳуми он ҷамъ шуданд, ва дар рӯзи понздаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 9:18
7 Iomraidhean Croise  

Дар он мактубҳо подшоҳ ба яҳудиёне ки дар ҳар шаҳр мебошанд, иҷозат додааст, ки ҷамъ шуда, барои муҳофизати ҷони худ истодагӣ намоянд, тамоми иқтидори қавм ва вилоятеро, ки ба онҳо адоват доранд, бо якҷоягии тифлон ва занонашон нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд,


Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:


Дар ҳамон рӯз шумораи онҳое ки дар Шушани пойтахт кушта шуданд, ба ҳузури подшоҳ хабар дода шуд.


Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ба яҳудиёне ки дар Шушан мебошанд, иҷозат дода шавад, ки фардо низ бар ҳасби қонуни имрӯз амал кунанд ва даҳ писари Ҳомонро ба дор овезанд».


Ва яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи чордаҳуми моҳи адор низ ҷамъ шуданд, ва дар Шушан сесад касро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.


Яҳудиён дар шаҳрҳои худ, дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш ҷамъ шуданд, то ки ба бадхоҳони худ дасти тааддӣ дароз кунанд, ва ҳеҷ кас пеши онҳо натавонист истодагӣ намояд, чунки тарси онҳо ҳамаи қавмҳоро фаро гирифта буд.


То онҳоро ӯҳдадор намояд, ки рӯзи чордаҳуми моҳи адор ва рӯзи понздаҳуми онро ҳар сол ид кунанд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan