Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 9:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 9:1
13 Iomraidhean Croise  

Ва душманонамро Ту аз пеши ман гурезондӣ, ва ман адуёнамро несту нобуд кардам.


Ва мактубҳо ба воситаи чопарон ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ фиристода шуд, то ки ҳамаи яҳудиёнро, аз ҷавон то пир ва тифлон ва занон, дар як рӯз, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд, ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд.


Дар моҳи якум, ки моҳи нисон бошад, дар соли дувоздаҳуми подшоҳ Аҳашверӯш, дар ҳузури Ҳомон барои ҳар рӯз ва ҳар моҳ пур — яъне қуръа — партофтанд, ва он ба моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, афтод.


Дар як рӯз, дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад.


Зеро, чӣ гуна ман метавонам мусибатеро, ки ба сари қавми ман меояд, бубинам, ва чӣ гуна ман метавонам таҳлукаи ақрабои худро бубинам?»


Ин дар рӯзи сездаҳуми моҳи адор ба вуқӯъ омад, ва дар рӯзи чордаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.


Зеро ки ҳаётам аз андӯҳ ва солҳоям аз оҳу фиғон адо шудааст; аз гуноҳи ман қувватам заиф ва устухонҳоям хушк шудааст.


Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард».


Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид, ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард, чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд, ва ҳеҷ кас — на ғуломе, на озоде — боқӣ намондааст.


Ва халқҳо дар қаҳр шуданд; ва ғазаби Ту омад, ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ ва нобудкунандагони заминро нобуд кунӣ».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan