Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 8:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва шумо он чиро, ки дар ҳаққи яҳудиён ба назаратон маъқул бошад, аз номи подшоҳ бинависед ва бо нигини подшоҳ мӯҳр кунед, зеро фармонеро, ки аз номи подшоҳ навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шудааст, ботил намудан мумкин нест».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 8:8
9 Iomraidhean Croise  

Вай мактубҳо аз номи Аҳъоб навишта, бар онҳо мӯҳри ӯро гузошт, ва мактубҳоро ба пирон ва асилзодагоне ки бо Нобӯт дар шаҳраш сукунат доштанд, фиристод.


Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор амри хисравонае аз ҷониби ӯ навишта, дар Форс ва Модай ба таври мансухнопазир ба ҳукми қонун дароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш наояд, ва подшоҳ унвони хисравонаи варо ба зани дигаре ки аз вай беҳтар бошад, бидиҳад.


Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.


Ва ӯ аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта, бо нигини подшоҳ мӯҳр кард, ва мактубҳоро ба воситаи чопарони аспакӣ, ки бар аспҳои тезраве аз миёни тойкурраҳои тозии тавилаи подшоҳ савор шуда буданд, фиристод, —


Ва гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, ва агар ман ба ҳузури ӯ илтифот пайдо карда бошам, ва ин чиз дар ҳузури подшоҳ муносиб ҳисоб ёбад, ва ман дар назари ӯ некӯ бошам, бигзор навишта шавад, ки мактубҳои дасисакоронаи Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки ӯ дар бораи талаф намудани яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ мебошанд, навишта буд, ботил карда мешавад.


Алҳол, эй подшоҳ, ин манъро тасдиқ кун ва фармонеро имзо намо, ки тағьирнопазир бошад, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».


Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: «Худованд мансубони Худро мешиносад»; ва боз: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan