6 Зеро, чӣ гуна ман метавонам мусибатеро, ки ба сари қавми ман меояд, бубинам, ва чӣ гуна ман метавонам таҳлукаи ақрабои худро бубинам?»
Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».
Ва ба подшоҳ гуфтам: «Бигзор подшоҳ то абад зинда бод! Чаро чеҳраи ман ғамгин набошад, дар сурате ки шаҳри қабристони падаронам харобазор гардидааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст».
Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».
Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:
Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифатаст! Пардаҳои дили ман! Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам; зеро ки ту, эй ҷони ман, овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.
Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.
Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.