3 Ва Эстер боз дар ҳузури подшоҳ сухан ронд, ва пеши пойҳои ӯ афтод, ва гирья кард, ва аз ӯ илтимос намуд, ки бадии Ҳомони Аҷоҷӣ ва қасдеро, ки дар ҳаққи яҳудиён андешида буд, ботил кунад.
Ва назди марди Худо ба кӯҳ расида, ба поҳояш часпид. Ва Ҷеҳазӣ наздик омад, то ки варо дур кунад, вале марди Худо гуфт: «Варо вогузор, зеро ки ҷонаш талх шудааст, ва Худованд аз ман пинҳон дошта, ба ман маълум накардааст».
Баъд аз ин воқеот, подшоҳ Аҳашверӯш ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ бузургӣ бахшида, ӯро баланд бардошт, ва курсии ӯро аз ҳамаи мироне ки бо ӯ буданд, болотар гузошт;
Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».
Ва подшоҳ нигини худро, ки аз Ҳомон гирифта буд, кашида ба Мордахай дод, ва Эстер Мордахайро ба хонаи Ҳомон баргумошт.
Ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер бархоста, ба ҳузури подшоҳ истод,
Ва Ҳизқиё рӯи худро ба девор гардонида, сӯи Худованд дуо хонд,
Ва ӯ бо фаришта гӯштин гирифта, ғолиб омад; ӯ гириста, пеши Худо тазаррӯъ намуд; дар Байт‐Ил низ Худо ӯро ёфт, ва дар он ҷо бо ӯ гуфтугӯ кард.
Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,
Ва назди поҳои ӯ афтода, гуфт: «Ин гуноҳ бар ман аст, эй оғоям; лутфан, канизат дар гӯши ту сухан гӯяд, ва суханони чӯрии худро бишнав.