15 Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.
Ва фиръавн нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба дасти Юсуф пӯшонид; ва ӯро ба либоси катони нозук ороста кард, ва тавқи тилло бар гарданаш овехт;
Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвард бо риштаҳои катони сафед ва арғувон бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буд.
Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.
Бигзор либоси хисравонае ки подшоҳ онро дар бар мекунад, ва аспе ки подшоҳ бар он савор мешавад, ва тоҷи хисравонае ки бар сари асп гузошта мешавад, биёваранд,
Он чопарон бар аспҳои тезраве ки аз тавилаи подшоҳ буд, савор шуда, саросемавор ва шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва ин қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд.