14 Он чопарон бар аспҳои тезраве ки аз тавилаи подшоҳ буд, савор шуда, саросемавор ва шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва ин қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд.
Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.
Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.