13 «Нусхаҳои ин фармон дар ҳар вилоят ба ҳукми қонун дароварда, ба ҳамаи қавмҳо эълон карда шавад, то ки яҳудиён ба он рӯз барои интиқом гирифтан аз душманони худ тайёр бошанд».
«Нусхаҳои ин фармон дар ҳар вилоят ба ҳукми қонун дароварда, ба ҳамаи қавмҳо эълон карда шавад, то ки ба он рӯз тайёр бошанд».
Он чопарон бар аспҳои тезраве ки аз тавилаи подшоҳ буд, савор шуда, саросемавор ва шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва ин қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд.
Бигзор суфраи онҳо пеши рӯяшон ба доме, ва зиёфати осоиштаи онҳо ба қапқоне мубаддал гардад;
Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?
Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»
Ва Шимшӯн сӯи Худованд хонда, гуфт: «Худоё Худовандо! Лутфан, маро ба ёд овар ва фақат ҳамин дафъа тақвият намо, эй Худо, то ки ман якбора барои ду чашми худ аз фалиштиён интиқом гирам».