Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 8:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Дар он мактубҳо подшоҳ ба яҳудиёне ки дар ҳар шаҳр мебошанд, иҷозат додааст, ки ҷамъ шуда, барои муҳофизати ҷони худ истодагӣ намоянд, тамоми иқтидори қавм ва вилоятеро, ки ба онҳо адоват доранд, бо якҷоягии тифлон ва занонашон нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 8:11
9 Iomraidhean Croise  

Ва мактубҳо ба воситаи чопарон ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ фиристода шуд, то ки ҳамаи яҳудиёнро, аз ҷавон то пир ва тифлон ва занон, дар як рӯз, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд, ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд.


Валекин яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи сездаҳуми он ва дар рӯзи чордаҳуми он ҷамъ шуданд, ва дар рӯзи понздаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.


Худованд ба нафъи ман анҷом хоҳад дод. Худовандо! Эҳсони Ту то абад аст; кори дастҳои Худро тарк накун.


Дар ботлоқи чуқуре ғӯтидаам, ва ҷои истодан нест; ба умқҳои об даромадаам, ва ҷараёни об маро кашида мебарад.


Ман варо ба муқобили халқи риёкор хоҳам фиристод, ва бар зидди қавми хашмовари Ман амр хоҳам фармуд, ки ғанимат бигирад ва ба яғмо бибарад, ва онҳоро мисли лои кӯчаҳо поймол кунад.


Ва аз саҳро ҳезум нахоҳанд овард, ва аз ҷангалҳо нахоҳанд бурид, зеро ки бо яроқ оташро хоҳанд даргиронид; ва ғораткунандагони худро ғорат хоҳанд кард, ва тороҷкунандагони худро тороҷ хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan