Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 8:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва ӯ аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта, бо нигини подшоҳ мӯҳр кард, ва мактубҳоро ба воситаи чопарони аспакӣ, ки бар аспҳои тезраве аз миёни тойкурраҳои тозии тавилаи подшоҳ савор шуда буданд, фиристод, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 8:10
13 Iomraidhean Croise  

Вай мактубҳо аз номи Аҳъоб навишта, бар онҳо мӯҳри ӯро гузошт, ва мактубҳоро ба пирон ва асилзодагоне ки бо Нобӯт дар шаҳраш сукунат доштанд, фиристод.


Ва ҷав ва коҳ барои аспон ва хачирон ба маконе ки онҳо буданд, ҳар яке мувофиқи ӯҳдадории худ, меоварданд.


Ва шотирон бо номаҳои подшоҳ ва сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта, бар тибқи амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;


Ва шумо он чиро, ки дар ҳаққи яҳудиён ба назаратон маъқул бошад, аз номи подшоҳ бинависед ва бо нигини подшоҳ мӯҳр кунед, зеро фармонеро, ки аз номи подшоҳ навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шудааст, ботил намудан мумкин нест».


Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст, — медавад, некӣ намебинад,


Азбаски сухани подшоҳ тасаллут дорад, кист, ки ба ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»


Анбӯҳи шутурон — шутурони ҷавони Мидьён ва Эйфо — туро пур хоҳад кард; ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад, тилло ва лебӯно хоҳанд овард, ва ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод.


Ва ҳамаи бародарони шуморо аз ҷониби ҳамаи халқҳо бар аспон ва аробаҳо ва тахтҳои равон, ва бар хачирон ва шутурони бидав ба кӯҳи муқаддаси Ман — Ерусалим — барои Худованд ҳадия хоҳанд овард, — мегӯяд Худованд, — мисли он ки банӣ‐Исроил ҳадияро ба хонаи Худованд дар зарфи пок меоваранд.


Чӣ гуна метавонӣ бигӯӣ: „Худро палид накардаам, аз қафои Баал нарафтаам“? Ба рафторе ки ту дар водӣ кардӣ, назар андоз ва он чиро, ки ба амал овардӣ, дарк намо, эй модашутури сабукпое ки роҳҳои худро каҷ мекунад!


Ва ба воситаи ту асп ва саворашро торумор кардам, ва ба воситаи ту ароба ва саворашро торумор кардам;


Ман, ки Набукаднесар ҳастам, дар хонаи худ ором будам ва дар қасри худ зиндадил.


Алҳол, эй подшоҳ, ин манъро тасдиқ кун ва фармонеро имзо намо, ки тағьирнопазир бошад, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan