Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 8:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Дар он рӯз подшоҳ Аҳашверӯш хонаи Ҳомони бадхоҳи яҳудиёнро ба Эстери малика дод, ва Мордахай ба ҳузури подшоҳ даромад, зеро Эстер фаҳмонда буд, ки ӯ ба вай чӣ нисбате дорад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 8:1
12 Iomraidhean Croise  

Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд:


Ва чун навбати Эстер, духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки ӯ варо духтархонд карда буд, расид, ки назди подшоҳ биёяд, вай чизе талаб накард, магар ки он чи Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони занон гуфта буд. Ва Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид, илтифот пайдо мекард.


Ва ӯ мураббии Ҳадаса, яъне Эстери амакбачаи худ буд, чунки вай падару модар надошт; ва ин духтар хушандом ва хушрӯй буд, ва баъд аз вафоти падару модараш варо Мордахай барои худ духтархонд карда буд.


Ва Эстер гуфт: «Он шахси аду ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» Ва Ҳомон ба хузури подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.


Ва подшоҳ Аҳашверӯш ба Эстери малика ва Мордахаи яҳудӣ гуфт: «Инак, хонаи Ҳомонро ба Эстер додам, ва ӯро ба дор овехтанд аз барои он ки ба яҳудиён дасти тааддӣ дароз кард.


Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ, — кист, ки монанди Ту бошад! — мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисьёр аст.


Некӯкор ба писарони писаронаш мерос боқӣ мегузорад, вале сарвати хатокор барои одил саришта карда мешавад.


Касе ки сарвати худро бо суд ва рибо афзун намояд, онро барои хайрхоҳи мискинон ғун мекунад.


Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?“


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan