Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 7:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва ҳангоме ки подшоҳ аз боғи қаср ба хонаи шаробнӯшӣ баргашт, Ҳомон бар нимкате ки болояш Эстер буд, фурӯ ғалтида буд, ва подшоҳ гуфт: «Оё ба номӯси малика низ ба ҳузури ман дар хона таҷовуз мекунад?» Ҳамин ки ин сухан аз даҳони подшоҳ баромад, рӯи Ҳомонро пӯшониданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 7:8
9 Iomraidhean Croise  

Ва чун он рӯзҳо ба итмом расид, подшоҳ барои тамоми қавме ки дар Шушани пойтахт аз бузург то хурд ҳозир буданд, дар саҳни боғи қасри подшоҳ базми ҳафтрӯза барпо кард.


Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвард бо риштаҳои катони сафед ва арғувон бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буд.


Ва Мордахай ба дарвозаи подшоҳ баргашт, вале Ҳомон мотамзада ва рӯсиёҳ сӯи хонаи худ шитофт.


Бинобар ин Ҳомонро бар доре ки ӯ барои Мордахай муҳайё карда буд, овехтанд, ва ғазаби подшоҳ таскин ёфт.


Замин ба дасти шарир дода шудааст; вай рӯи доварони онро мепӯшонад. Агар Ӯ набошад, пас кист?


«„Инак, эй шахси ҷоҳталаб, Худованд туро дур хоҳад андохт, ва туро печутоб хоҳад дод,


Ва подшоҳон мураббиёни ту, ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд; рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард, ва хоки пои туро хоҳанд лесид; ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам, ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».


Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки чӯпон ду соқи по ё нармаи гӯшро аз даҳони шер раҳо мекунад, ончунон банӣ‐Исроил, ки дар Сомария бар гӯшаи бистар ва бар ҷогаҳи димишқӣ нишастаанд, раҳо хоҳанд шуд».


Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: «Нубувват кун». Ва хизматгорон Ӯро торсакӣ мезаданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan