7 Ва подшоҳ бо ғазаб аз шаробнӯшӣ хеста ба боғи қаср баромад, ва Ҳомон он ҷо монд, то ки аз Эстери малика барои ҷони худ илтимос намояд, зеро дид, ки аз ҷониби подшоҳ ба сараш балое хоҳад омад.
Он гоҳ Набукаднесар бар Шадрак, Мешак ва Абднаҷу пур аз ғазаб гардид, ва намуди рӯяш дигаргун шуд, ва хитоб намуда, амр фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар оташ дардиҳанд.
Ва алҳол бидон ва бубин, ки чӣ бояд бикунӣ, зеро мусибате бар оғои мо ва бар тамоми хонадонаш таҳдид менамояд; ва ӯ шахси нобакор аст, ба тавре ки бо ӯ гап задан мумкин нест».