5 Ва подшоҳ Аҳашверӯш ба сухан оғоз намуда, ба Эстери малика гуфт: «Он кас кист, ва он кас куҷост, ки дилаш ҷуръат намудааст чунин амал кунад?»
Ва Исҳоқро раъшаи бузурге фаро гирифта, ба ларзиш овард, ва ӯ гуфт: «Пас он кӣ буд, ки нахҷир сайд карда, бароям овард, ва пеш аз омадани ту аз ҳамааш хӯрдам, ва ӯро баракат додам? Ва ӯ муборак хоҳад буд!»
Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».
Ва Эстер гуфт: «Он шахси аду ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» Ва Ҳомон ба хузури подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.
Замин ба дасти шарир дода шудааст; вай рӯи доварони онро мепӯшонад. Агар Ӯ набошад, пас кист?
Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулкудс дурӯғ бигӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?