Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 7:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Эстери малика ҷавоб гардонда гуфт: «Эй подшоҳ! Агар дар назари ту илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ҷони ман мувофиқи хоҳиши ман ва қавми ман мувофиқи илтимоси ман ба ман бахшида шавад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 7:3
9 Iomraidhean Croise  

Ва бандагонаш ба ӯ гуфтанд: «Инак, мо шунидаем, ки подшоҳони хонадони Исроил подшоҳони эҳсонкоранд; пас, палосҳо ба камари худ ва арғамчинҳо бар сари худ бибандем, ва назди подшоҳи Исроил бароем, ки ӯ шояд ба чони ту тараҳҳум намояд».


Ва боз мирипанҷоҳи сеюмро бо панҷоҳ нафари ӯ фиристод. Ва мирипанҷоҳи сеюм равона шуда, расид ва пеши Ильёс бар зонуҳояш афтод, ва аз ӯ зорию илтиҷо намуда, гуфт: «Эй марди Худо! Лутфан, ҷони ман ва ҷони ин панҷоҳ нафар бандагонат дар назари ту азиз бошад.


Ва нусхаи фармони ба ҳукми қонун даромадаро, ки дар Шушан дар бораи нобуд кардани онҳо мунташир шуда буд, ба ӯ дод, то ки онро ба Эстер нишон диҳад ва ба вай хабар расонад, ва варо амр фармояд, ки назди подшоҳ даромада, аз ӯ зорию илтиҷо кунад ва барои қавми худ аз ӯ илтимос намояд.


Ки агар дар назари подшоҳ илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, ки хоҳишамро қонеъ кунад ва илтимосамро ба ҷо оварад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки барои онҳо муҳайё хоҳам кард, биёяд, ва фардо ба саволи подшоҳ ҷавоб хоҳам дод».


Ва подшоҳ бо ғазаб аз шаробнӯшӣ хеста ба боғи қаср баромад, ва Ҳомон он ҷо монд, то ки аз Эстери малика барои ҷони худ илтимос намояд, зеро дид, ки аз ҷониби подшоҳ ба сараш балое хоҳад омад.


Ва гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, ва агар ман ба ҳузури ӯ илтифот пайдо карда бошам, ва ин чиз дар ҳузури подшоҳ муносиб ҳисоб ёбад, ва ман дар назари ӯ некӯ бошам, бигзор навишта шавад, ки мактубҳои дасисакоронаи Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки ӯ дар бораи талаф намудани яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ мебошанд, навишта буд, ботил карда мешавад.


Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод;


Пас ба онҳо бигӯй: „Ман истиғосаи худро ба ҳузури подшоҳ баён намудам, то ки маро ба хонаи Еҳӯнотон барнагардонад, ки дар он ҷо бимирам“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan