Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 6:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва Ҳомон омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чӣ бояд кард?» Ва Ҳомон дар дили худ гуфт: «Ғайр аз ман кист, ки подшоҳ бихоҳад сарафроз намояд?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 6:6
19 Iomraidhean Croise  

«Аз рӯи қонун ба Ваштии малика чӣ бояд кард барои он ки вай амреро, ки подшоҳ Аҳашверӯш ба воситаи хоҷасароён фармуд, ба ҷо наовард?»


Ва Ҳомон ба онҳо фаровонии сарвати худ ва бузургии писарони худро, ва тамоми шавкатеро, ки подшоҳ ба ӯ ато намуда, ӯро бар мирон ва маъмурони подшоҳ баланд бардоштааст, ҳикоят кард,


Ва Ҳомон он либос ва аспро гирифт, ва Мордахайро пӯшонид, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр гардонид, ва пешопеши ӯ нидо кард: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!»


Ва навкарони подшоҳ ба ӯ гуфтанд: «Инак, Ҳомон дар саҳн истодааст». Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор биёяд».


Ва Ҳомон ба подшоҳ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд,


Ва он либос ва аспро ба дасти яке аз мирони подшоҳ, ки аз аъёну ашроф бошад, бидиҳанд, ва шахсеро, ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, бипӯшонанд, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр бигардонанд, ва пешопеши ӯ нидо кунанд: „Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!“»


Чунки каҷравии соддадилон онҳоро хоҳад кушт, ва худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд.


Моқабли шикаст ғурур аст, ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ.


Қабл аз шикаст дили кас ғурур мекунад, ва моқабли ҷалол фурӯтанист.


Насле ҳастанд, ки — оҳ, чашмонашон чӣ гуна ҳавобаландона аст, ва мижгонашон чӣ гуна барафрошта!


Инак, Бандаи Ман, ки Ӯро Ман дастгирӣ мекунам, баргузидаи Ман, ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд. Ман рӯҳи Худро бар Ӯ ниҳодаам, ва Ӯ инсофро барои халқҳо ҷорӣ мекунад.


Ва аз некӣ кардан ба онҳо шод хоҳам шуд, ва онҳоро ба ростӣ, бо тамоми дили Худ ва бо тамоми ҷони Худ дар ин замин мисли ниҳоле хоҳам шинонид.


Такаббури дилат туро фирефта кардааст; ту, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ, ва масканат дар макони баланд аст, дар дили худ мегӯӣ: „Кист, ки маро ба замин фурӯд оварад?“


Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».


Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: „Ҷои худро ба ӯ бидеҳ“; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.


То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan