Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 6:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 6:4
12 Iomraidhean Croise  

«Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям».


Дар рӯзи сеюм Эстер либоси хисравона пӯшида, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ рӯ ба рӯи дарбори подшоҳ биистод, ва подшоҳ бар тахти хисравии худ дар дарбори хисравӣ рӯ ба рӯи даромадгоҳи хона нишаста буд.


Зани ӯ Зораш ва ҳамаи дӯстони ӯ гуфтанд: «Доре ба баландии панҷоҳ зироъ бисозанд, ва пагоҳӣ ба подшоҳ бигӯй, ки Мордахайро бар он биовезанд, ва шодон ҳамроҳи подшоҳ ба зиёфат бирав». Ва ин сухан дар назари Ҳомон писанд афтод, ва ӯ доре сохт.


Ва подшоҳ гуфт: «Чӣ иззат ва сарафрозӣ барои ин ба Мордахай ато шудааст?» Навкарони подшоҳ, ки дар хузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Чизе ба вай ато нашудааст».


Ва навкарони подшоҳ ба ӯ гуфтанд: «Инак, Ҳомон дар саҳн истодааст». Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор биёяд».


Ва Ҳарбӯно, яке аз хоҷасароёне ки ба хузури подшоҳ буданд, гуфт: «Инак доре низ ба баландии панҷоҳ зироъ дар хонаи Ҳомон истодааст, ки онро Ҳомон барои Мордахай, ки дар ҳаққи подшоҳ сухани некӯ гуфта буд, сохтааст». Ва подшоҳ гуфт: «Ӯро бар он биовезед!»


Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад, ва машварати каҷкорон барбод меравад;


Он ки дар осмон нишастааст, механдад: Худованд онҳоро тамасхур менамояд.


Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод.


Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan