Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 6:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва подшоҳ гуфт: «Чӣ иззат ва сарафрозӣ барои ин ба Мордахай ато шудааст?» Навкарони подшоҳ, ки дар хузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Чизе ба вай ато нашудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 6:3
12 Iomraidhean Croise  

Ва сарсоқӣ Юсуфро ба ёд наовард, балки ӯро фаромӯш кард.


Ва Довуд гуфт: «Ҳар кӣ ябусиёнро аввал зарба занад, вай раис ва сардор хоҳад шуд». Ва Юоб ибни Саруё аввал баромад, ва раис шуд.


Ва навиштае ёфт шуд, ки Мордахай дар бораи ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд, хабар додааст.


Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.


Валекин дар он як марди бенавои хирадманд ёфт шуд, ва ӯ бо ҳикмати худ ин шаҳрро раҳо кард; аммо ҳеҷ кас он марди бенаворо ба ёд наовард.


Ва ман дар бораи ту шунидам, ки ба ҳалли муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳо қодир ҳастӣ. Пас, агар алҳол тавонӣ навиштаро бихонӣ ва маънои онро ба ман бифаҳмонӣ, ҷомаи арғувон хоҳӣ пӯшид, ва тавқи заррин бар гарданат овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳӣ гардид».


Он гоҳ Балшасар фармон дод, ва Дониёлро ҷомаи арғувон пӯшонданд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехтанд, ва дар ҳаққи ӯ эълон карданд, ки ҳокими сеюм дар мамлакат мешавад.


Подшоҳ бо овози баланд фарьёд зад, ки афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугаронро биёранд. Подшоҳ ба ҳакимони Бобил хитоб намуда, гуфт, ки «ҳар касе ки ин навиштаро бихонад ва маънояшро ба ман бифаҳмонад, ҷомаи арғувон пӯшонида хоҳад шуд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳад гардид».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan