Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 6:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва Мордахай ба дарвозаи подшоҳ баргашт, вале Ҳомон мотамзада ва рӯсиёҳ сӯи хонаи худ шитофт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 6:12
14 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд ба кӯҳи Зайтун баромад, ва ҳангоми баромаданаш мегирист, ва сараш пӯшида буд, ва ӯ пойлуч роҳ мерафт; ва тамоми қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, ҳар яке сари худро пӯшонида, гирьякунон мерафтанд.


Ва Аҳитӯфал чун дид, ки машвараташ ба амал оварда нашуд, хари худро зин кард, ва бархоста, ба шаҳри худ ба хонааш рафт, ва барои аҳли байти худ васият намуда, худро буғӣ кард, ва мурд, ва ӯро дар мақбараи падараш дафн карданд.


Ва подшоҳи Исроил ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ рафт, ва ба Сомария ворид шуд.


Ва Аҳъоб аз сухане ки Нобӯти изреъилӣ ба ӯ гуфт, ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ омад, зеро ки вай гуфт: «Мероси падаронамро ба ту нахоҳам дод». Ва ӯ бар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид, ва хӯроке нахӯрд.


Ва ӯ ба вай гуфт: «Вақте ки ман ба Нобӯти изреъилӣ сухан ронда гуфтам: „Токзоратро ба ман ба нуқра бидеҳ, ё агар хоҳӣ, дар ивази он токзори дигаре ба ту хоҳам дод“, вай гуфт: „Токзори худро ба ту нахоҳам дод“».


Ва Азарьёҳуи саркоҳин ва ҳамаи коҳинон ба ӯ назар андохтанд, ва инак, махав бар пешонии ӯ буд, ва бошитоб ӯро аз он ҷо бароварданд, ва худаш низ ба баромадан шитофт, зеро ки Худованд ӯро ба бало гирифтор карда буд.


Ва ҳангоме ки дӯшизагон бори дуюм ҷамъ оварда шуданд, Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст.


Ва Ҳомон он либос ва аспро гирифт, ва Мордахайро пӯшонид, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр гардонид, ва пешопеши ӯ нидо кард: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!»


Ва ҳангоме ки подшоҳ аз боғи қаср ба хонаи шаробнӯшӣ баргашт, Ҳомон бар нимкате ки болояш Эстер буд, фурӯ ғалтида буд, ва подшоҳ гуфт: «Оё ба номӯси малика низ ба ҳузури ман дар хона таҷовуз мекунад?» Ҳамин ки ин сухан аз даҳони подшоҳ баромад, рӯи Ҳомонро пӯшониданд.


Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст, ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?


Замин ба дасти шарир дода шудааст; вай рӯи доварони онро мепӯшонад. Агар Ӯ набошад, пас кист?


Ва Самуил то субҳ хобид, ва дарҳои хонаи Худовандро воз кард; ва Самуил тарсид, ки ин рӯъёро ба Элӣ хабар диҳад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan