Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 5:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон имрӯз ба зиёфате ки барои ӯ муҳайё кардаам, биёяд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 5:4
10 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Наздики ман биёр, ман аз нахҷири писари худ мехӯрам, то ки ҷонам туро баракат диҳад». Ва наздики ӯ овард, ва ӯ бихӯрд; ва шароб барояш овард, ва ӯ нӯшид.


Ва низ гӯед: „Инак, бандаат Яъқуб дар ақиби мост“». Зеро ба дили худ гуфт: «Дили ӯро бо тӯҳфае ки пешопеши ман меравад, нарм мекунам ва баъд аз он бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам; шояд, маро қабул кунад».


Ваштии малика низ дар хонаи хисравии подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард.


Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.


Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Эй Эстери малика! Туро чӣ шуд, ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ту дода хоҳад шуд».


Ва подшоҳ гуфт: «Зуд Ҳомонро даъват кунед, то ки гуфтаи Эстерро ба ҷо оварем». Ва подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки Эстер муҳайё карда буд, омад.


Ки агар дар назари подшоҳ илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, ки хоҳишамро қонеъ кунад ва илтимосамро ба ҷо оварад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки барои онҳо муҳайё хоҳам кард, биёяд, ва фардо ба саволи подшоҳ ҷавоб хоҳам дод».


Кист монанди Худованд Худои мо, ки бар афрозҳо нишаста,


Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад.


Эй бародарон! Дар ақл мисли кӯдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рафтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan