3 Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Эй Эстери малика! Туро чӣ шуд, ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ту дода хоҳад шуд».
Ва гуфт: «Як илтимоси хурде ман аз ту дорам, хоҳиши маро рад накун». Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Бигӯ, эй модарам, зеро ки ман хоҳиши туро рад нахоҳам кард».
Дар Ҷибъӯн Худованд ба Сулаймон дар хоби шаб зоҳир гардид, ва Худо гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».
Ва подшоҳ ба ман гуфт: «Пас ту чӣ металабӣ?» Ва ман ба Худои осмон дуо хондам,
Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон имрӯз ба зиёфате ки барои ӯ муҳайё кардаам, биёяд».
Ва подшоҳ ба Эстер дар вақти шаробнӯшӣ гуфт: «Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд».
Ва подшоҳ дар рӯзи дуюм низ дар вақти шаробнӯшӣ ба Эстер гуфт: «Эй Эстери малика! Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд».
Ва подшоҳ ба Эстери малика гуфт: «Дар Шушани пойтахт яҳудиён панҷсад кас ва даҳ писари Ҳомонро куштаанд ва талаф намудаанд; дар дигар вилоятҳои подшоҳ чиҳо карда бошанд? Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Илтимосат боз чист? Он ба ҷо оварда хоҳад шуд».
Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».
«Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба ҳилватгоҳе бурд ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки меҳоҳӣ ба ман бигӯӣ?»