Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эстер 5:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард, ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, нӯги чӯбдастро ламс намуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эстер 5:2
9 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».


Лутфан, эй Худованд! Хоҳишмандам, ки гӯши Ту ба дуои бандаат ва ба дуои бандагонат, ки муштоқони ҷалоли исми Ту ҳастанд, бодиққат бошад; ва хоҳишмандам, ки бандаи Худро имрӯз комьёб созӣ, ва ӯро ба ҳузури ин шахс сазовори марҳамат гардонӣ». — Ва ман соқии подшоҳ будам.


Ва ин духтар дар назари ӯ писанд афтода, ба ҳузури ӯ илтифот пайдо кард, ва ӯ шитобон лавозимоти ороиш ва офияти варо ба вай дод ва ҳафт канизи муносибро аз хонаи подшоҳ ба вай дода, варо бо канизонаш ба беҳтарин шӯъбаи хонаи занон гузаронд.


«Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям».


Ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер бархоста, ба ҳузури подшоҳ истод,


Худовандро мадҳ кунед, эй ҳамаи халқҳо! Ӯро ситоиш намоед, эй ҳамаи умматҳо!


Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.


Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;


Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср баҳшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan